Мекашад пои мо ба кандӯят
Чашми обиву холи ҳиндӯят
Бо чи тумор метавон растан
Мардуми шаҳрро зи ҷодӯят
Теғи Чингиз хӯрд бар қалбам
Ё каманди камони абрӯят
Сар ба саҳро заданд сайёдон
То ба даст оваранд оҳӯят
Ҳамчу занҷир сахт печидаст
Даври ман тор-тори гесӯят
На муҷоз аст к-аз ту дур шавем
На раҳо мекунӣ ба паҳлӯят
Ин ҳама ошиқи хиёлангез
Масту девонаанд аз бӯят
Рӯзи маҳшар ба по шавад бе шак
То бияфтад ниқоб аз рӯят