СИЛОҲИ МАН ҚАЛАМИ МАН АСТ


Силоҳи ман қалами ман аст


Қадам бебоктар неҳ дар ҳарими ҷони муштоқон,

Ту соҳибхонаӣ охир, чаро дуздона меоӣ!


                                         Қалам гӯяд, ки инсонро яроқам,
                                         Яроқи иттифоқам ҳам нифоқам.

ادامه نوشته

ПАНДУ ҲИКМАТ

Абрҳо ба осмон такя мекунанд, дарахтон ба замин ва инсонҳо ба меҳрубонии якдигар...
Гоҳе дилгармии як дӯст чунон мӯъҷиза мекунад, ки гӯё Худованд дар рӯи замин дар канори туст.
Ҷовидона бод сояи дӯстоне, ки шодиро иллатанд на шарик ва ғамро шариканд на далел...

САНАМ ВА ҲИҶРӢ

Санам бо шунидани азони Пешин рӯзаашро хӯрд.
Ҳиҷрӣ гуфт: Санам!!! чаро рӯзатро хӯрдӣ?
Ҷоиз неест!!
Санам гуфт: хоб, азона гуфтанд охир.
Ҳиҷрӣ гуфт: ин азони Пешин буд охир.
Санам гуфт: Войй чи қадар шабеҳи азони Мағриб бууд...

ХУДОВАНДО ОҚИБАТИ МОРО БАХАЙР КУН

ХУДОВАНДО ОҚИБАТИ МОРО БАХАЙР КУН

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

ҲАР КАС ЛОИҚИ БОВАРӢ ВА ЭЪТИМОД НЕСТ

Агар касеро фиреб кардӣ, ин маънои онро надорад, ки вай беақл аст. Маънояш ин аст, ки ӯ бо тамоми ҳастиаш ба ту бовар карду  лекин садафсӯс, ки дар асл ту лоиқи “БОВАРИАШ” набудаӣ...

 

🌙 ХУДОВАНДО ДАР ИН МОҲАТ ПОКАМОН КУН  🌙

ХУДОВАНДО! ДАР ИН МОҲАТ ПОКАМОН КУН

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

🌙МУНОҶОТ 🌙

Худовандо!
Пушаймон ва бо бори сангине аз гуноҳ,
Ба бахшоиши бемонанди Ту чашми умед дорам.
Сарафканда аммо умедвор ба даргоҳи раҳматат омадаам.

Худовандо!
Бо ҳар чӣ ки наздат овардаам,
Ба гузашту афви Ту муштоқам,
Ба каромату меҳрат дил бастаам ва
Фақат ба Ту эътимод дорам.

Худовандо!
Моро шомили раҳмату бахшиши худ қарор деҳ,
Умеду умедвориро дар вуҷуди мо зинда нигаҳ дор...

❗️ҲЕҶ ВАҚТ НОУМЕД НАШАВ❗️

Ҳеҷ вақт аз китоби зиндагӣ маъюс нашав!
Ҳеҷ кас намедонад дар саҳифаи дигараш Худо чӣ навишта аст.
Шояд то муваффақиятат чанд сония фосила надошта бошӣ.
Умедворам иншоаллоҳ Худованд ҳаммаи хубиҳояшро барои шумо дар назар гирифта бошад.

Омин ё Раббалоламин!!!

 

ЯК ҶУРЪА ТАЪАҚҚУЛ

Мӯрчагон бо ҳам гап намезананд, аммо дастаҷамъӣ дона ҷамъ мекунанд.

Занбӯрҳо бо ҳам гап намезананд, аммо дастаҷамъӣ хона месозанд.

Парастуҳо бо ҳам гап намезананд, аммо дастаҷамъӣ ба сафар мераванд.

Одамҳо бо инки хуб гап мезананд ва хуб фикр мекунанд вале дар корҳои дастаҷамъӣ бо ҳам нестанд, танҳо хурданӣ ҷамъ мекунанд, танҳо хонаи худро месозанд ва танҳо сафар мекунанд! Ба ростӣ, ки одамизод танҳотарин мавҷуди рӯйи замин аст.

Шумо чӣ фикр мекунед!!!

💝НАМОЗУ РӮЗАТОН ҚАБУЛ ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ💝

Намозу рӯзатон қабули даргоҳи илоҳӣ

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

ДУОИ ЗЕБО ВА ДИЛНИШИН АЗ БОБОТОҲИР

Худоё донише деҳ, ғам нагирам,
Бидеҳ оромише, мотам нагирам.

Худоё аз шаҳомат бенасибам,
Шаҳомат деҳ, ки оромиш бигирам.

Худоё ин тафовут бар ман омӯз,
Ки дар гумроҳии мутлақ намирам.

БА ХУДАТ, БА НЕРУИ ДАРУНАТ ИМОН ДОШТА БОШ

Ончиро аз баҳри ман он хост, он ояд маро,
Хосташ аз роҳи пинҳон ногаҳон ояд маро.
Саъй дар таҳсили дунёву фузулаш беҳӯда аст,
Дар азал қадре, ки рӯзӣ шуд, ҳамон ояд маро.
Дунё моли шумо ва аз барои шумо офарида шудааст, пас ба хотири дунё худатро пасту хор накун!
Ту ашрафи махлуқотӣ!
Худатро бишнос,
Ба худат,
Ба неруи дарунат,
Имон дошта бош, дунё худаш аз пасат меояд ...
Ту арзишат болотар аз ин дунёст ...

ЭЙ БАШАР!!! ТУ АРЗИШАТ БОЛОТАР АЗ ИН ДУНЁСТ

Дунё моли шумо ва аз барои шумо офарида шудааст, пас ба хотири дунё худатро пасту хор накун!

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

💖 МЕҲРУ МУҲАББАТ БО ЗАНОН 💖

Гуфтор ва рафтори охирин фиристодаи Худо ба сӯи башарият яъне ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро дар бораи зан, Модар ва ҷойгоҳи ӯ дар ислом, аз манобеи ривоӣ ва таърихӣ:

4) Муҳаббат ба занон:

Имом Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ (рз) аз падаронаш аз Расули Худо (с) ривоят мекунад, ки ҳазраташ (с) фармуд:

أُعْطِينَا أَهْلَ الْبَيْتِ سَبْعَة لَمْ يُعْطَهُنَّ أَحَدٌ قَبْلَنَا، وَلا يُعْطاهَا أَحَدٌ بَعْدَنَا: الصّباحَة، وَالْفَصاحَة والسَّماحَة وَالشُّجاعَة وَالْحِلْم وَالْعِلْم وَالْمُحَبَّة مِنَ النِّسَاءِ

“Мо, хонадон, ба ҳафт хислат ихтисос ёфтаем, ки на касе аз пешиниён онро дошт ва на аҳаде аз пасиниён хоҳад дошт:
1. хушманзарӣ,
2. расогӯӣ,
3. гушодарӯӣ,
4. шуҷоат,
5. бурдборӣ,
6. дониш ва
7. муҳаббат ба занон.”

📚 Мустадракул-васоил, 14/157

Бовар кунед дӯстон, ки ҳама чиз дар интернет пайдо намешавад

Бовар кунед дӯстон, ки ҳама чиз дар интернет пайдо намешавад! Бузургтаромон ҳам ба мо ниёз доранд ...

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

ЭҲТИРОМ ВА ГИРОМӢ ДОШТАНИ ЗАН

Гуфтор ва рафтори охирин фиристодаи Худо ба сӯи башарият яъне ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро дар бораи зан, Модар ва ҷойгоҳи ӯ дар ислом, аз манобеи ривоӣ ва таърихӣ:

 

3) Суфориш ба эҳтиром ва гиромидошти зан:

 

Ҳазрати Оиша (р) аз Расули Худо (с) ривоят кардааст, ки ҳазраташ фармояд:

 

خَيْرُكُمْ خَيْرُكُمْ لِأَهْلِهِ وَأَنَا خَيْرُكُمْ لِأَهْلِي

 

“Беҳтарини шумо, беҳтаринатон бо хонаводааш (ҳамсараш) аст, ва ман беҳтарини шумо бо хонаводаам ҳастам.”

📚 Байҳақӣ, Сунани Кубро, 7/770, Ашшомила, дигарон ҳам нақл кардаанд.

 

НАМОЗ ҶЕҲРАИ ДИНИ МО, ИСЛОМ АСТ

НАМОЗ ҶЕҲРАИ ДИНИ МО, ИСЛОМ АСТ

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

ЗАНУ МАРД БО ҲАМ БАРОБАРАНД

Гуфтор ва рафтори охирин фиристодаи Худо ба сӯи башарият яъне ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро дар бораи зан, Модар ва ҷойгоҳи ӯ дар ислом, аз манобеи ривоӣ ва таърихӣ:

2) Мусовот миёни духтарону писарон:

Байҳақӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят кардааст, ки Расули Худо (с) фармуд:

سَوُّوا بَيْنَ أَوْلَادِكُمْ فِي الْعَطِيَّةِ، فَلَوْ كُنْتُ مُفَضِّلًا أَحَدًا لَفَضَّلْتُ النِّسَاءَ

”Дар бахшиш (ҳадия), миёни фарзандон мусовот ва баробариро риоят кунед. Агар ман мехостам фарзандеро бартарӣ диҳам, қатъан духтаронро бартарӣ медодам.”

📚 Байҳақӣ, Сунани Кубро, 6/294, Ашшомила

ХУДОЁ! ОН ДЕҲ, КИ ОН БЕҲ

ХУДОЁ! ОН ДЕҲ, КИ ОН БЕҲ

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

ЗАНОН ҲАМТОИ МАРДОНАНД

Гуфтор ва рафтори охирин фиристодаи Худо ба сӯи башарият, ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)-ро дар бораи зан, Модар ва ҷойгоҳи ӯ дар ислом, аз манобеи ривоӣ ва таърихӣ:

1) Занон ҳамтои мардонанд:

Аҳмад, Абӯдовуд, Ибни Моҷа ва дигарон, дар ҳадисе саҳеҳ аз ҳазрати Оиша (р) ривоят кардаанд, ки гӯяд: Расули Худо (с) фармуд:

إنَّمَا النِّسَاءُ شَقَائِقُ الرِّجالِ

“Ҳамоно занон шақоиқи мардонанд.”

Шақоиқ яъне ҳамто, монанд ва назир.

📚 Байҳақӣ, Сунани Кубро, 6/294, Ашшомила

ЧӢ ЗЕБОСТ АГАР ХУДОВАНД ИНГУНА ТАВСИФАТ КУНАД

ЧӢ ЗЕБОСТ АГАР ХУДОВАНД ИНГУНА ТАВСИФАТ КУНАД

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

НАМОЗ МАҲБУБИ ДИЛИ МАН АСТ

Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Абӯзар(рз) мефармуд:

“Эй Абӯзар! Худованд намозро маҳбуби ман сохтааст ҳамчунонки ғизоро маҳбуби гурусна ва обро маҳбуби шахси ташна. Гурусна ҳаргоҳ ғизо бихӯрад сер мешавад, ва ташна бо нӯшидани об сероб мегардад, вале ман аз намоз сер намешавам.”

СУННАТҲОИ РӮЗИ САЪИДИ ҶУМЪА

СУННАТҲОИ РӮЗИ САЪИДИ ҶУМЪА

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

НАМОЗ, ҶЕҲРАИ ДИНИ МО МУСАЛМОНОН АСТ

Рӯзе дар посух ба Ибни Масъуд, ки аз маҳбуб‏тарин корҳо назди Худованди Мутаол пурсида буд, фармуд:

“Намози ба вақт”.

Вай мегӯяд: арз кардам, пас аз он чӣ? Ҳазрат фармуд:

“Некӣ ба падару модар.”

Эшон чеҳраи дин‏дориро дар намоз меҷуст ва мефармуд:

لِکُلِّ شَیْ‏ءٍ وَجْهٌ وَوَجهُ دِینِکُمُ الصَّلاةُ

“Ҳар чизе чеҳрае дорад ва чеҳраи дини шумо намоз аст.”

Эшон дар васияти худ ба Абӯзар, ташбеҳи бисёр зебое дар бораи намоз дорад:

مادُمْتَ فِی الصَّلاةِ فَإِنَّکَ تَقْرَعُ بابَ الْمَلِکِ الجَبّارِ وَ مَنْ یُکثِرْ قَرْعَ بابِ المَلِکِ یُفْتَحْ لَهُ

“То замоне ки дар ҳоли намоз ҳастӣ, дари хонаи подшоҳи муқтадирро (яъне Худовандро) мекӯбӣ ва ҳар ки дари хонаи подшоҳро бисёр бикӯбад, (саранҷом) он дар ба рӯяш боз мешавад.”

РӮЗИ САЪИДИ ҶУМЪА, МУБОРАК МУСАЛМОНОН

РӮЗИ САЪИДИ ҶУМЪА, МУБОРАК МУСАЛМОНОН

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

💖 НАМОЗ, РАВШАНИИ ЧАШМИ МАН АСТ 💖

Намозу дуову нолаи саҳар беҳтарин шоҳид барои ихлосу сафои қалбу сидқи имон аст. Паёмбари Худо ҳаргоҳ ба намоз меистод, аз хавфи Худованд ранги чеҳраи муборакаш дигаргун мешуд. Шефтагии вай ба ибодат ва намоз ба гунае буд, ки ҳангоми намоз танҳо ба Худованд таваҷҷӯҳ мекард ва аз ҳар чизи дигаре ғофил мешуд. Яке аз ҳамсарони Расули Акрам (с) мегӯяд:

“Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳангоме ки саргарми гуфт‏угӯ буд, чун вақти намоз мерасид, чунон ҳолаш дигаргун мешуд, ки гӯё на ӯ моро мешинохт ва на мо ӯро.”

Шавқи ибодату намоз аз симои он ҷаноб зоҳир буд. Ҳамвора чашм ба роҳи расидани вақти намоз ва бонги азон буд ва бахше аз вақти худро дар хона ба ибодат ихтисос медод.

Паёмбари гиромии ислом (с) намозро маҳбуби Худованд медонист:

جُعِلَ قُرَّةُ عَینِی فِی الصَّلاةِ

“Рӯшноии чашми ман дар намоз аст…”

ПАРВАРДТГОРО! ХУДАТ ОНЧИРО БАРОИ МО САЛОҲ МЕДОНӢ АТО КУН

ПАРВАРДТГОРО! ХУДАТ ОНЧИРО БАРОИ МО САЛОҲ МЕДОНӢ АТО КУН

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

МИСКИНИ ҲАҚИҚӢ ЧӢ КАСЕСТ

Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд:

“Мискин касе нест, ки ба дари хонаҳои мардум меравад ва яке ду луқма нон ва ё яке ду адад хурмо дарёфт мекунад ва бармегардад. Балки мискин касе аст, ки чизе надорад ва мардум аз ҳоли ӯ огоҳ нестанд, то ба ӯ садақа диҳанд. Ва худаш ҳам гадоӣ намекунад ва аз касе чизе намехоҳад.”

📚 Ривояти Бухорӣ

БЕҲТАРИН КОРҲО ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД

БЕҲТАРИН КОРҲО ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД

БАРОИ ДИДАНИ СУРАТ РӮИ ОН КЛИК КУНЕД...

💝 САВОБИ САЛАВОТ БАР МУҲАММАДУ ОЛИ МУҲАММАД 💝

Беҳтарин ҳадис дар бораи салавот фиристодан бар Пайғамбари Ислом (с), Муҳаммади Мустафо(с.А.в) ❤️❤️
Рузе Пайғамбарамон(с.а.в) бо асҳоби киром нишаста буданд, ки Ҷабраили Амин нозил шуд.
Ҷабраил ба Пайғамбарамон аҷоиб назар мекард.
Пайғамбари акрам (с.а.в) аз ӯ пурсид:
"Эй Ҷабраил ба ту чӣ шудааст?"
Ҷабраил гуфт :"Эй Расули Худо(с.а.в)!
Худованд ба ман қудрате додааст,ки ман метавонам ҳамаи дарёеро қатра-қатра ва ҳамаи ҷангалзорро дарахтонашро барг ба барг ҳисоб намоям,аммо ман қудрат надорам, ки агар касе аз уммати ту ба ту як 💝 САЛАВОТ 💝 бифиристад савоби онро ҳисоб кунам!!!"

🌹 АЛЛОҲУММА 🌹
        салли ало
💝 МУҲАММАД💝
        ва ало оли
💝МУҲАММАД 💖

🍃🌺🍃🌸🍃🌸🍃🌺🍃